Қаҳрамонон намемиранд …
Қаҳрамонон намемиранд …
Дар доираи чорабинӣ – намоиши “Саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озоднамоии шаҳри Ленинград аз муҳосираи олмонӣ-фашистӣ” ҳайати намояндагони “Осорхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Назарӣ Ҳомидҷон Темур имрӯз оромгоҳи Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Туйчӣ Эрҷигитовро зиёрат намуданд. Намояндагони Тоҷикистон ва дигар иштирокчиёни ҳамоиш рӯйи оромгоҳи Қаҳрамон гулчанбар гузошта, аз зиндагӣ, рӯзгор ва корнамоии Туйчӣ Эрҷигитов ёдоварӣ намуданд. Дар маросими ёдбуди хотираи шаҳидон роҳбарияти шаҳри Любан, намояндагони Парлумон, Директори Осорхонаи миллӣ, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва дигар меҳмонон суханронӣ намуда, аз саҳми халқи тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озод намудани шаҳри Ленинград аз юғи фашизм ёддошт намуданд.
Туйчӣ Эрҷигитов – зодаи Тоҷикистон 12 декабри 1941 ба сафи артиши Шуравӣ даъват шудааст. Дар муҳорибаи 5-уми октябри соли 1943 дар назди қишлоқи Смердиняи ноҳияи Тосненски вилояти Ленинград пулемётчии полки 1064-уми пиёдагарди дивизияи 281-уми артиши 54-уми фронти Волхов, аскари сурх Туйчӣ Эрҷигитов бо тани худ амбразура (сурохи тирандозии истеҳком)-ро пушонд ва ин амал имкон дод, ки ротаи ӯ ба пеш равад. Ҳамяроқон аз ин корнамоии ӯ руҳбаланд гардида, ба ҳуҷум бархоста, ба хандақи душман зада даромаданд.
Қаҳрамонро дар қабри дастаҷамъонаи шаҳри Любани вилояти Ленинград ба хок супурданд.
Барои ин корнома Туйчӣ Эрҷигитов пас аз марг 21-уми феврали соли 1944 ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардидааст. 4-уми марти соли 1968 модари Қаҳрамон Хайриниссо Эрҷигитова аз мазори ҷигарбандаш дидан намудааст.
Дар шаҳри Любан кӯчаи марказӣ ба номи ӯ гузошта шудааст. Хотираи Қаҳрамон гиромӣ бод!