Ташрифи Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хон ба Осорхонаи миллӣ

Ташрифи Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хон ба Осорхонаи миллӣ

Рӯзҳои 23-26 марти соли ҷорӣ Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) Асад Маҷид Хон бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Дар ин доира, дирӯз 24.03.2025 доктор Асад Маҷид Хон ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху фарҳанги куҳанбунёди миллати тоҷик ба “Осорхонаи миллӣ” ташриф оварданд.

Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифта, ба онҳо аз ҷониби роҳбалад сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Сараввал меҳмонон аз намоиши анъанавии муассиса “Аз Наврӯз то Наврӯз” дидан намуда, баъдан дар толорҳои “Асри санг”, “Саразм”, “Оини Зардуштӣ”, “Кулолгарӣ” “Ҳахоманишиҳо”, “Сиккаҳо”, “Кушониён”, “Аҷинатеппа” ва толори “Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” таърихи куҳани халқи тоҷик ва фарҳанги бисёрҳазорсола муаррифӣ карда шуд.

Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хон аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби қайди таассуроти “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшонро дарҷ намуданд.