Рӯнамои китобҳои тозанашри Осорхонаи миллӣ
Рӯнамои китобҳои тозанашри Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 15.03.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии дастовардҳои илмии Осорхонаи миллӣ рӯнамои китобҳои тозанашри муассиса баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш донишмандону мутахассисони варзидаи кишвар ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар ибтидо директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо роҷеъ ба нақши Осорхонаи миллӣ ҳамчун муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар таҳқиқу омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ ва нашри асарҳои илмии соҳавӣ суханронӣ намуда, китобу феҳристномаҳои илмии нашрнамудаи Осорхонаи миллиро ба ҳозирин муаррифӣ карданд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки дар давоми як сол, яъне аз Наврӯзи 2023 то Наврӯзи 2024 аз ҷониби роҳбарият ва ходимони илмии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” зиёда аз 9 адад китобу маҷалла ва феҳристномаҳои гуногуни илмӣ ба табъ расидааст, ки дар онҳо масоили муҳимми ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик инъикос ёфтаанд.
Ҳамзамон, донишмандону мутахассисони соҳа доир ба арзиши илмии китобу феҳристномаҳои тозанашри муассиса суханронӣ намуда, таҳия ва нашри онҳоро дар замони муосир хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ба ҳама иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчун армуғони наврӯзӣ китобҳои тозанашри муассиса тақдим карда шуд.