Ба ифтихори рӯзи байналмилалии пиряхҳо

Ба ифтихори рӯзи байналмилалии пиряхҳо

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март “Рӯзи байналмилалии пиряхҳо” эълон карда шуд.

Вобаста ба ин, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон толори алоҳидаи экспозитсионӣ бо номи “Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо” созмон дода шудааст. Ин толор бо шаклу услуби замонавӣ ва мутобиқ ба талаботи осорхонавӣ бунёд гардида, дар он калонтарин пиряхи ҷаҳон Федченко (Ванҷях) ва қитъаи шашуми олам Антарктида ба шакли барҷаста инъикос ёфтааст.

Ҳамзамон, дар толори мазкур таҷҳизотҳои соҳаи пиряхшиносӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  солҳои 2008-2009 дар қитъаи Антарктида барафрохта шуда буд, пешкаши тамошобинон гардонида шудаанд. Ҷолибияти дигари толор дар он аст, ки ҳангоми ворид шудан ба он садои сунъии шамоли сарди пиряхҳо ва шикастани онҳо ба гӯш мерасад ва тамошобинон худро лаҳзае дар муҳити пиряхҳо эҳсос менамоянд.

Ин иқдом аз он шаҳодат медиҳад, ки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ҳамчун муассисаи илмӣ-фарҳангӣ дар амалӣ намудани ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим ва назаррас дорад.