Боздиди Сафирони навтаъини кишварҳои хориҷӣ аз …

Боздиди Сафирони навтаъини кишварҳои хориҷӣ аз Осорхонаи миллӣ

Имрӯз 14.03.2024 як гурӯҳ сафирони навтаъини кишварҳои Колумбия, Ватикан, Сиерра-Леоне ва Ангола бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои муассиса директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони масъул истиқбол намуда, ташрифи онҳоро ба Осорхонаи миллӣ хайрамақдам намуданд.

Сипас, ба меҳмонон аз ҷониби роҳбалади муассиса бо забони англисӣ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд. Меҳмонон тавассути боздид аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо табиати биҳиштосои кишвар ва давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, махсусан бо ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ аз наздик шинос шуданд.

Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ сафирони навтаъини кишварҳои хориҷӣ аз шиносоӣ бо таъриху тамаддуни кӯҳанбунёди халқи тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ таассуроташонро навишта намуданд.