Натиҷагирии фаъолияти Осорхонаи миллӣ дар соли 2022
Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти солонаи муассиса натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии солона директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Панҷшанбезода ва кормандони Осорхона иштирок намуданд.
Директори Осорхона Иброҳимзода Зафаршо қайд намуд, ки соли 2022 барои ҳайати кормандони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли хотирмон ва фаромӯшнашаванда буда, дар ин сол ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ, ин фаъолияти бомаром ба мақсади ҷамъоварӣ, ҳифз, омӯзиш, таҳқиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғати фарҳангии аҳли ҷомеа ва тарбия намудани насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ мебошад.
Дар идома директори Осорхона вобаста ба ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти корҳои оммавӣ-маърифатӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, фондӣ-ҷамъоварӣ, намоишӣ-экспозитсионӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, профилактика ва тармиму таҳкимӣ, кадриву ҳуҷҷатгузорӣ ва хоҷагидорӣ бо рӯнамо иттилооти зарурӣ пешниҳод намуд.
Инчунин сардори шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ – Хоҷаев Шералӣ ва сардори шуъбаи техникӣ-муҳандисӣ – Мазориев Давлат оид ба фаъолияти шуъбаҳои хеш дар соли 2022 бо рӯнамо баромад намуданд.
Дар фарҷом мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Панҷшанбезода аз фаъолияти қаноатбахши Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли изҳори сипос намуд.
Таъкид гардид, ки Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни муассисаҳои фарҳангии кишвар пешгом буда, роҳбарияту кормандони он дар ҷамъоварӣ, ҳифз ва муаррифии осори ниёкон, татбиқи сиёсати фарҳангии кишвар ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас доранд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки фаъолияти Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон дар самтҳои намоишӣ-экспозитсионӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, оммавӣ-маърифатӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ тақвият бахшида шаванд.
Дар фарҷоми ҷаласаи ҳисоботӣ як қатор кормандони Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла 2 нафар барои сарбаландона дифоъ намудани рисолаҳои номзадии хеш бо дастагул ва дигар кормандон барои фаъолияти пурсамар бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
Фаридун Кенҷаев – сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон