«Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили муттаҳидии миллат». Зери чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Рӯзи 28.02.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили муттаҳидии миллат» баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Душанбе ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ташкил ва барпо карда шуд.

Дар ҳамоиши Иброҳимзода Зафаршо – директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, Раҳмонзода Абдулло – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Неъматзода Маликшо – Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим  – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Душанбе ва Абдуллоҳи Раҳнамо – мудири бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин дар ҳамоиш намояндагони вазоратҳои нақлиёт, мудофиа, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои рушди сайёҳӣ, занон ва оила, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”, Бонки миллии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, макотибҳои олии кишвар, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей, гимназия, гирандагони стипендияи президентӣ, аскарону афсарони қисмҳои низомии пойтахт ва ВАО фаъолона иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ иштирокчиён оид ба ин мавзӯи аҳамиятнок ва зарурати қабули чунин қонун суханрониҳои пурмуҳтаво намуданд. Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки ватандӯстӣ – принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ буда, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Зеро, ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад.

Воқеъан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки санаи  24-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, он дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки равандҳои гуногуни геополитикӣ ба манфиатҳои давлатҳои миллӣ хатар эҷод мекунанд, саривақтӣ мебошад.

Зимнан дар ҳамоиш қайд карда шуд, ки тарбияи ватандӯстӣ омили муҳими рушди давлатдории миллӣ буда, дар натиҷаи он шаҳрвандон миллату давлат ва сарзамини аҷдодии худро дӯст дошта, ҳимоя аз фарҳангу таърихи гузаштаи худ намуда, баҳри инкишофи он содиқона меҳнат мекунанд ва дар якҷоягӣ баҳри пойдории сулҳу ваҳдат, ягонагӣ, дӯстиву рафоқат миёни ҳамдигар умр ба сар мебаранд.

Муовини сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” – Мубирхони Муминпӯр дар мавзӯи “Нақши саҳифаҳои иҷтимоӣ дар тарбияи шаҳрвандон” маърӯза намуда, таҳлилҳои амиқи омории марбут ба шабакаҳои иҷтимоии Осорхонаи миллиро ба саҳми иштирокчиён расонид.

Маврид ба зикр мебошад, ки дар баробари дигар субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Душанбе ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ бо восита ва имкониятҳои ба худ хос вазифаҳои соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ менамоянд.

Дар ҳошияи ҳамоиш барои фаъолияти пурсамар ва софдилона, саҳми муносибу арзанда баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, рушди шарикии иҷтимоӣ ва ҳаракати иттифоқҳои касаба Иброҳимзода Зафаршо – директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо нишони сарисинагии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон “Барои шарикии иҷтимоӣ” мукофотонида шуд.

Ҳамчунин як қатор кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ва аскарону афсарони қисмҳои низомӣ бо “Сипоснома”-ҳои Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш Тобиш Ҳилолӣ ва дигар сарояндагон сурудҳои дорои мазмуни баланди ватандӯстӣ сароида, табъи иштирокчиёнро болида намуданд.

Фаридун Кенҷаев – сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон