Баргузории ҳамоиши шаҳрии ҷавонон
Дар доираи сеюмин Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” рӯзи 14.03.2023 дар толори Осорхонаи миллӣ Ҳамоиши шаҳрии ҷавонон таҳти унвони “Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат – наҷотбахши сайёра ва таъмингари ҳаёти осоишта” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Собиров, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Ҳукумати шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Оқилов Маъруфҷон, директори Маркази тарғиби адабиёт вафарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳзод Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо аз нақши Осорхонаи миллӣ дар инъикос ва муаррифии ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат сухан намуда, ташкилу баргузор намудани намоишу чорабиниҳоро василаи муҳим дар ин масир номид.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳзод Раҳимзода иброз дошт, ки баргузор намудани чунин ҳамоишҳо аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, имрӯзҳо ҷавонон аз ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаланд мебошанд.
Директори Маркази тарғиби адабиёт вафарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо ҷанбаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва амниятии ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки воқеан ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат – наҷотбахши сайёра ва таъмингари ҳаёти осоишта мебошанд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш ҷавонони пойтахт, гирандагони стипендияи президентӣ, ҷавонон аз кишварҳои дуру наздик ва намояндагони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ширкат намуданд.