Натиҷагирӣ аз фаъолияти Осорхонаи миллӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Осорхонаи миллӣ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025

Имрӯз 14.01.2025 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муаасиса дар давоми соли 2024 ва вазифаҳои барои соли 2025 баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ, сармутахассиси  раёсати фарҳанг, маориф ва  иттилооти  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Зайналобиддин ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Дар оғози кори ҷаласа нахуст директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи Осорхонаи миллӣ, аз ҷумла фаъолияти оммавӣ-маърифатӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, намоишӣ-экспозитсионӣ, профилактикӣ, тармиӣ-таҳкимӣ фондӣ-ҷамъоварӣ, кадрӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии муассиса бо факту рақамҳои мушаххас ва рунамоии дастовардҳо ҳисоботи муфассал ироа намуданд.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 102179 нафар тамошобинон экспозитсияи Осорхонаи  миллиро тамошо намуданд, ки аз ин миќдор 94359 нафарро тамошобинони  дохилӣ ва 7820 нафарро тамошобинони хориҷӣ ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба њамин давраи соли сипаригардида 392 нафар тамошобини дохили кам ва 1995 нафар тамошобини хориҷи зиёд мебошад. Роҳбаладон ва кормандони илмии Осорхонаи миллӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, ҳиндӣ ва урду, фаронсавӣ, арабӣ ва чинӣ  ба 18120 нафар  тамошобинон (13553 дохилӣ, 4567 хориҷӣ), 2341 экскурсия (1021 экскурсияи дохилӣ, 1320 экскурсияи хориҷӣ) доир намудаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 экскурсия зиёд ва теъдоди тамошобинон дар рафти экскурсия 614 нафар зиёд мебошад.

Сипас, муовини директори Осорхонаи миллӣ Наимзода Дилором Наим роҷеъ ба фаъолияти Шурои илмӣ ва ҳамоҳангсозӣ ва Шурои бонувони муассиса дар давоми соли 2024 ба ҳозирин ҳисобти муфассал пешниҳод намуд.

Баъдан, аз ҷониби сардори шуъбаи техникӣ-муҳандисӣ Мазориев Давлаталӣ дар робита ба ҳолати техникии муассиса ҳисобот бо рунамоии корҳои иҷрошуда, ироа гардид.

Сипас, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Зайналобиддин ба сухан баромада, изҳор дошт, ки ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ яке аз вазифаҳои асосии Осорхзонаи миллӣ маҳсуб меёбад. Чуноне, ки аз ҳисоботи ироа намудаи шахсони масъул маълум гардид, Осорхонаи миллӣ дар давоми соли 2024 рисолати касбии худро иҷро намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ин рӯ, мебояд, ки дар соли 2025 низ муассиса фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намуда, дар самти муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик нақши бориз дошта бошад.

Дар охири ҷаласа як қатор кормандони муассиса барои саҳми муносиб гузоштан дар муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бо “Сипоснома”-и Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.