Паём роҳнамои фардои дурахшон
Паём роҳнамои фардои дурахшон
Имрӯз 30.12.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарият ва аъзоёни Кумитаи иҷроия ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” иштирок намуданд.
Дар ибтидои ҳамоиш Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам роҷеъ ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар давоми соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025 тавассути рунамоии дастовардҳо ҳисоботи муфассал ироа намуданд. Сипас, Раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Авзалов Ғайбулло оид ба фаъолияти Шурои куҳансолон дар соли 2024 ҳисобот доданд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа аз ҷониби аъзоёни Кумитаи иҷроия ва Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таърихи 28 декабри соли 2024 ироа гардид, ба иштирокчиён расонида шуд.
Дар охир таъкид гардид, ки Паём чун барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои давлатӣ, умуман мардуми Тоҷикистон буда, дар он дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат зикр гардидааст, ки бояд тамоми ниҳодҳо онро сармашқи кори худ қарор диҳанд.