Сада – партави хуршедии Истиқлол
Сада – партави хуршедии Истиқлол
Имрӯз 30.01.2025 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори яке аз ҷашнҳои бостонии халқи тоҷик – Сада конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Сада – партави хуршедии истиқлол» баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиши илмӣ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Ёқубов, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷонибек Асрориён, директори пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Аминов, ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш Наврузбеков Маснав ва муовини директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиши илмӣ-назариявӣ аз ҷониби олимону пажуҳигарон мавзуъҳои “Сада – иди кибор”, “Сада дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ”, “Сабабҳо ва омилҳои фаромӯш шудани ҷашни Сада (то замони истиқлол)”, “Ҷашни Сада – аз эҳё то сабти ном дар ЮНЕСКО” ва “Анъанаҳои ҷашни Сада дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон” дар шакли маърӯзаҳои илмӣ ироа гардиданд.
Дар охир миёни иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ дар мавзуи «Сада – партави хуршедии истиқлол» муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки 6 декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.