Натиҷагирӣ аз фаъолияти Осорхонаи миллӣ дар соли 2023
Натиҷагирӣ Аз Фаъолияти Осорхонаи Миллӣ Дар Соли 2023
Рӯзи 12.01.2024 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти муаасиса дар давоми соли 2023 ва вазифаҳои барои соли 2024 ҷаласаи васеъ баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ, инчунин намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Зайналобиддин иштирок намуданд.
Дар оғози кори ҷаласа нахуст директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи Осорхонаи миллӣ, аз ҷумла фаъолияти оммавӣ-маърифатӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, намоишӣ-экспозитсионӣ, тармимӣ-таҳкимӣ, фондӣ-ҷамъоварӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва техникӣ-муҳандисии муассиса бо факту рақамҳои мушаххас ҳисоботи муфассал ироа намуданд.
Сипас, раиси Иттифоқи касаби муассиса Ҷалолов Беҳрӯз роҷеъ ба фаъолияти ин ниҳод дар давоми соли 2023 ба ҳозирин ҳисобти муфассал пешниҳод намуд. Баъдан, аз ҷониби сардори шуъбаи менеҷмент ва маркетинг Амирзода Сайёд дар робита ба фаъолияти менеҷмент ва маркетинги муассиса ҳисобот ироа гардид.
Сипас, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Зайналобиддин ба сухан баромада, изҳор дошт, ки ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ яке аз вазифаҳои асосии Осорхонаи миллӣ маҳсуб меёбад. Чуноне, ки аз ҳисоботи ироа намудаи шахсони масъул маълум гардид, Осорхонаи миллӣ дар давоми соли 2023 рисолати касбии худро иҷро намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ин рӯ, мебояд, ки дар соли 2024 низ муассиса фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намуда, дар самти муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик нақши бориз дошта бошад.
Дар охири ҷаласа як қатор кормандони муассиса барои меҳнати бисёрсолаи арзанда ва саҳми сазовор гузоштан дар рушди соҳаи фарҳанг бо ифтихорномаи Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.