Омодагиҳо баҳри ифтитоҳи намоиши байналмилалӣ

Омодагиҳо баҳри ифтитоҳи намоиши байналмилалӣ

Имрӯз ҳайати гурӯҳи кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Назарӣ Ҳомидҷон Темур бо раванди корҳои омодагӣ аз ифтитоҳи намоиши “Саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озодшавии шаҳри Ленинград аз муҳосираи Олмони фашистӣ”, ки санаи 26 январи соли ҷорӣ ба ифтихори 80-солагии пурра озоднамоии шаҳри Ленинград аз фашизм дар Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Федератсияи Россия ифтитоҳ мегардад, шинос шуданд.