Намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ дар шаҳри …

Намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор мегардад


Дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия» дар шаҳри Санкт-Петербург моҳи январи соли 2024 намоиши муштарак бахшида ба 80-солагии озодшавии шаҳри Ленинград аз фашизм ва корнамоии қаҳрамононаи халқи тоҷик дар он баргузор мегардад.
Бо мақсади омодагӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ баргузор намудани намоиши мазкур, рӯзи 23.10.2023 ҳайати кормандони «Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия» дар шаҳри Санкт-Петербург дар шахсияти Усачева Ю. С. – муовини директори генералӣ ва Маскевич Е. Д. – ходими калонии илмии Муассиса ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд. Меҳмононро директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» Зафаршо Иброҳимзода ва дигар шахсони масъул истиқбол намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногуни фаъолияти осорхонавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, меҳмонон аз осори гуногуни таърихию фарҳангие, ки инъикосгари қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар озод намудани шаҳри Ленинград аз фашизм мебошанд, боздид ба амал оварданд.
Бояд зикр намуд, ки барои намоиши мазкур аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ зиёда аз 100 адад ашёи гуногуни таърихӣ, аз қабили аризаҳои ихтиёрии иштирокчиёни ҷанг, аксҳо, мусаввараҳо, плакатҳо, сӯзаниҳо, зардевориҳо, лавозимот ва сару либоси ҷангӣ интихоб шудаанд, ки инъикосгари шуҷоату мардонагии мардуми тоҷик дар Ғалаба бар фашизм мебошанд.