Марҳабо ба Осорхонаи миллӣ!
Мулоқоти судманд бо намояндагони осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Россия
Дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия вохӯрии директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо директори генералии Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Россия Рибаков С.Е. баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои равобити касбии осорхонаҳо дар самти ташкили бозомӯзии кормандон, ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, масъалаҳои баҳисобгирии фондӣ, таҳияи феҳристҳо ва ташкили намоишҳои муштарак баррасӣ гардиданд. Боиси ёддошт аст, ки ташкили намоиши “Саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озоднамоии шаҳри Ленинград аз муҳосираи фашизм” оғози муносибатҳои густурдаи миёни осорхонаҳои ду кишвар ба ҳисоб рафта, дар оянда рушду нумуи тоза касб хоҳад намуд.