Мулоқоти директори Осорхонаи миллӣ бо директори …

Мулоқоти директори Осорхонаи миллӣбо директори генералии ICCROM

 Рӯзи 5-уми октябри соли ҷорӣ директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо бо Директори генералии Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) Веббер Ндоро мулоқот намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, баргузории Машғулияти байналмилалии ин ниҳод дар Осорхонаи миллӣ, иштирок дар чорабиниҳо ва дар оянда густариш додани самтҳои робитаҳо баррасӣ гардиданд.

Иброҳимзода Зафаршо иброз намуданд, ки бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо гардидани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ аз таваҷҷӯҳи инҷониб баҳри густариши ҳамкориҳо бо ин ниҳоди байналмилалӣ мебошад.

Баъд аз мулоқот Директори генералии Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ Веббер Ндоро аз экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо осори гаронарзиши ниёгони тоҷикон аз наздик шинос гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар заминаи сиёсати фарҳангпарварона ва дастгириҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ гардид.

Ҳамчунин бори нахуст дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна Машғулияти байналмилалии омӯзишии ин ниҳод зери унвони  “Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)” аз 18 сентяб то 6 октябри соли 2023 дар Осорхонаи миллӣ баргузор гардид.