
Марҳабо ба Осорхонаи миллӣ!
Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
Имрӯз 22.04.2025 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус мулоқоти директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар Амиралӣ баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаи бештар муаррифӣ намудани осори таърихӣ ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик дар Ҷумҳурии Беларус баррасӣ гардид.