Марҳабо ба Осорхонаи миллӣ!
Мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Миср
Бо мақсади ташкил ва баргузор намудани намоиши байналмилалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои таърихӣ” ва шиносоӣ бо фаъолияти осорхонаҳо як гурӯҳ кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии директори муассиса Иброҳимзода Зафаршо Сафо дар Ҷумҳурии Арабии Миср қарор доранд.
Дар доираи ин сафар вохӯрии ҳайати Осорхонаи миллӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Парвиз Мирзозода сурат гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи дар сатҳи баланди касбӣ ва эҷодӣ баргузор намудани намоиши байналмилалии “Тоҷикистон – сарзамини ёдгориҳои таърихӣ” ва боздид аз осорхонаҳои Ҷумҳурии Арабии Мисрро мавриди баррасӣ қарор доданд.