
Марҳабо ба Осорхонаи миллӣ!
Мулоқот бо Директори Генералии Осорхонаи бузурги Миср
Дар доираи сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср вохӯрии директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо директори генералии Осорхонаи бузурги Миср Доктор Аҳмад Ғоним баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили муҳимми соҳаи осорхонашиносӣ, аз ҷумла таҳқиқу омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ, ташкили намоишҳои муваққатӣ, тармиму барқарорсозии осори таърихӣ, ташкили курсҳои бозомӯзии кормандони осорхонаҳои ҳарду кишвар ва дигар самтҳои фаъолияти осорхонаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.