МАРҲАБО БА НАМОИШИ “АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ”

Рӯзи 15.03.2024 соати 10:00 дар дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз” баргузор мегардад.

Дар намоиш ашёи нави моҳияти таърихию фарҳангидошта, ки дар давоми як сол, яъне аз Наврӯзи 2023 то Наврӯзи 2024 бо роҳҳои гуногун (экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа) ҷамъоварӣ гардидаанд, пешкаши ҳамагон мегардад. Ҳамзамон, дар доираи намоиши мазкур рӯнамоии китобҳои тозанашри муассиса муаррифӣ мегарданд.

 

Марҳабо ба намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз”!