Боздиди Ҳизбиёни Ҷумҳурӣ аз Осорхонаи миллӣ

Боздиди Ҳизбиёни Ҷумҳурӣ аз Осорхонаи миллӣ

Дирӯз 27.02.2024 як гурӯҳ намояндагони Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ бо таъриху тамаддуни кӯҳанбунёди халқи тоҷик ба Муаасисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои муассиса директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Қурбонзода Убуйдулло Маҳмадалӣ ва дигар шахсони масъул истиқбол намуда, ташрифи меҳмононро ба ин махзани ёдгориҳои таърихӣ хайрамақдам гуфтанд.

Сипас, аз ҷониби роҳбалади муассиса ба меҳмонон роҷеъ ба давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ инъикос ёфтаанд, сайри осорхонавии муфассал баргузор карда шуд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ намояндагони Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бори дигар аз таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳи миллии ниёгон аз наздик шинос шуданд.