Конференсияи илмиву назариявӣ зери унвони «Ваҳдати миллии тоҷикон – сабақи бузурги таърихӣ»

Рўзи 23.06.2021 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тољикистон” бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмиву назариявӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллии тоҷикон – сабақи бузурги таърихӣ» баргузор гардид.

Дар кори конференсия роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, сардори Раёсати муҳофизат ва истифодаи мероси таърихӣ ва фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев, раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нуриддинов Р. Ш., мудири шуъбаи робитаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Роҳнамо, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Ганҷакова Матлуба, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуров Алиназар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конфронс бо иштироки доираи васеъи коршиносон, олимон ва ходимони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои ваҳдатофаринӣ ва таҷрибаи таърихии сулҳофарии тоҷикон мавриди баррасӣ ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

Аз ҷумла зикр гардид, ки ҷашни мазкурро ба хотири он иди Ваҳдати миллӣ ном ниҳоданд, ки он аз иттиҳоди мардуми тоҷик, аз сарҷамъии тамоми гӯшаю канори кишвар дарак медиҳаду муттаҳидии ҳамаи бошандагони Тоҷикистони азиз аст.

Воқеан, Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик нақши басо бузургро иҷро кард.

Дар конфронс аз ҷониби гузоришдиҳандагон мавзӯъҳои: “Ҷанбаҳои байналхалқии сулҳи тоҷикон”, “Арзёбии вазъияти имрӯзаи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва роҳҳои таҳкими он”, “Роҳи мушкили расидан ба Ваҳдати миллӣ”, “Таҷрибаи таърихии сулҳофарии тоҷикон”, “Чаро бояд Ваҳдати миллӣ – ро ҳифз кунем”, “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – поягузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ”, “Ваҳдат – омили асосии сарҷаъмии миллат” ва “Ваҳдати миллӣ – омили ҳастии давлати соҳибистиқлол” пешниҳод гардиданд.