Иштирокчиёни машғулияти байналмилалии …

Иштирокчиёни машғулияти байналмилалии CollAsia-2023 ба тамошои шоми Душанбе баромаданд

Намояндагони кишварҳои Ҷопон, Дания, Малайзия, Сингапур, Филиппин, Ҳиндустон, Бруней, Бангладеш, Бразилия, Миср, Кения, Урдун, Покистон, Фаластин, Гвинеяи Нав, Тайланд, Узбекистон ва Сербия, ки баҳри иштирок дар Машғулияти байналмилалии “Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia-2023)” дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ҷамъ омадаанд, ба сайри “Шоми Душанбе” фаро гирифта шуданд.

Дар ин доира, аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон ёдгориҳои таърихӣ, маконҳои тамошобоб, майдону гулгаштҳо ва дигар биною иншооти муҳими ҳудуди пойтахти кишвар муаррифӣ карда шуданд.

Албатта, меҳмонон аз тамошои шоми Душанбе хеле хушҳол шуда, бо як ҷаҳон таассуроти нек як рӯзи худро ба анҷом расониданд.

Ёдовар мешавем, ки Машғулияти байналмилалии “Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)” рӯзи 18-уми сентябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба кори худ оғоз намуд ва то рӯзи 6-уми октябри соли ҷорӣ идома менамояд.