«Фалсафаи об» – дар мусаввараҳои расомони наврас
Рӯзи 04.10.2018 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи доимии мусаввараҳои наврасон – офаридаҳои эҷодкорони ҷавони тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Мавзуи асосии намоиш об ва масоили марбут ба он аз қабили поку беолоиш нигоҳ доштани он, сарфа намудани об, об-сарвати бебаҳои кишвар, Тоҷикистон-кишвари обҳои равонбахш, об зиннати табиат буда, тавассути мусаввараҳои худ рассомони наврас дидгоҳи худро нисбат ба ин масъала инъикос намудаанд.
Намоиш бо ташаббуси Сандуқи байналмилалии ҳифзи кудак ЮНИСЕФ, Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, офаридаҳои рассомони наврас тариқи бебозгашт ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супурда шуданд.
Боиси ёддошт мебошад, ки 22 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эъломи Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (барои солҳои 2018-2028)» бо ҷонибдории 177 давлати аъзои СММ қабул намуд.