Боздиди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Нимаи дуюми рӯзи 28 ноябри соли 2018 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷунушалиев Кашкар Астаканович дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳии ҳайаташ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал овард.

Меҳмононро дар саҳни Осорхона директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифтанд.

Сипас, аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмонон ба бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик шуруъ аз асри санг то замони муосир ва дастовардҳои замони истиқлолият таваҷҷуҳ намуданд. Ба ин восита онҳо аз ин махзани илму маърифат дидан намуда, бо таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ошно гардиданд.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷунушалиев Кашкар Астаканович аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.