Эълон!!!

Эълон!!!

Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба тамоми шаҳрвандон эълон менамояд, ки бо мақсади такмили фонди осорхонавии Тоҷикистон омода аст, намунаҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз қабили осори хаттӣ (китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ), сиккаҳо, зарфҳои филизиву сафолӣ ва шишагии қадима, либос, гулдӯзиҳои карбосӣ, яроқҳои қадима, ҳайкалчаҳо ва дигар осори таърихию фарҳангиро тибқи муқаррарот ба шакли харидорӣ ва қабули туҳфа ҷамъоварӣ менамояд. Харидории ёдгориҳо пас аз хулосаи мутахассисони Коммисияи харид сурат мегирад.

Тел.: 227-92-12