Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон соҳиби унвони баланди касбӣ гардид
Осорхонашинос, катибашинос, сиккашинос ва бостоншиноси шинохтаи тоҷик, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалӣ бо унвони баланди “ДОКТОРИ ФАЛСАФА” (дар соҳаи санъат ва фарҳанги ҷаҳонӣ) сарфароз гардид. Ин унвони баланд санаи 15 ноябри соли 2018 аз ҷониби раиси бунёди мусаввирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Рабиев ва дигар шахсони расмӣ аз номи ректори Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ Маҳатма Шанти П. Ҷаясекера ба Шарифзода Абдувалӣ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.
Донишгоҳи байналмилалии таълими бунёдӣ – ин муассисаи байналмилалии ғайритиҷоратии бисёрсоҳавии илмӣ-тадқиқотӣ буда, соли 1998 дар Федератсияи Россия таъсис ёфта, фаъолияти худро дар соҳаҳои гуногуни назарраси иҷтимоӣ ба роҳ мондааст.
Шурӯъ аз замони таъсисёбиаш то ба имрӯз бисёр намояндагони соҳаҳои гуногуни кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои хеш унвони мазкурро соҳиб гардидаанд. Бояд зикр намуд, ки Шарифзода Абдувалӣ дар таҳқиқу пажӯҳиши ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва мероси хаттии ниёгон нақши бориз ва арзанда дорад. Ҳамин заҳмату талош ва натиҷаи фаъолияти пурсамари эшон буд, ки соҳиби чунин унвони баланди касбӣ гардид.
Мо аҳли корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шарифзода Абдувалиро барои ноил гаштан ба чунин унвони баланди касбӣ самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи эшон муваффақият ва комёбиҳо таманно дорем.