Дидор бо Директори Осорхонаи Британия

Дидор бо Директори Осорхонаи Британия
 
Дар ҳошияи пазироии расмӣ бахшида ба намоиши “Роҳи Абрешим” дидори судманди Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо Директори Осорхонаи Британия Николас Куллинан баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои судманди миёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи Британия дар самти ташкили намоишҳои муштарак, нашри мақолаҳои илмӣ, омода намудани мутахассисони тармимгар, ҳафриётҳои бостоншиносиро мавриди таваҷҷӯҳ қарор доданд.
Осорхонаи Британия яке аз осорхонаҳои машҳури ҷаҳон ба ҳисоб рафта, соли 1753 таъсис ёфтааст. Осорхона аз 94 толори намоишӣ иборат буда, ҳамасола аз ин даргоҳ зиёда аз 6 миллион тамошобинон дидан менамоянд. Аз ҷумла миёни осори ҳифзшаванда коллексияи “Хазинаи Амударё” – намунаҳои ҳунари заргарии бохтариёни қадим ба маърази тамошо гузошта шудааст.