Боздиди вазири корҳои хориҷии Чин аз Осорхонаи миллӣ
Боздиди вазири корҳои хориҷии Чин аз Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 19.05.2024 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, бо ҳайати ҳамроҳонаш ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса истиқбол гирифта, аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ аз ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Дар охир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван И аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта кард.
Дар охир, ҳарду ҷониб ҳамчун рамзи эҳтирому дӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.