Боздиди додситони кулли Эрон аз Осорхонаи миллӣ

Боздиди додситони кулли Эрон аз Осорхонаи миллӣ

Имрӯз 17.05.2024 Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Муҳаммад Муваҳҳидии Озод дар доираи сафари кории худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳонаш ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд.

Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса истиқбол гирифта, аз ҷониби роҳбалад ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ аз таъриху фарҳанг, расму оин ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон, меҳмонон аз гӯшаи намоишии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ки ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо созмон дода шудааст, боздид ба амал оварданд.

Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Муҳаммад Муваҳҳидии Озод аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта кард.

Дар охир, аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.