Боздиди Се Чунтао аз Осорхонаи миллӣ
Боздиди Се Чунтао аз Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 22.02.2024 ҳайати бонуфузи Ҳизби Комунистии Хитой бо роҳбарии мувоини якуми директори Мактаби Ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Комунистии Хитой ҷаноби Се Чунтао дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Меҳмононро директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбалад ба онҳо бо забони чинӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ ба меҳмонон ёдгориҳои нодири таърихӣ, ки инъикосгари таъриху фарҳанг ва тамаддуни кӯҳанбунёди халқи тоҷик мебошанд, муаррифӣ карда шуд.
Мувоини якуми директори Мактаби Ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Комунистии Хитой ҷаноби Се Чунтао аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта кард.