Боздиди сарбозону афсарон аз Осорхонаи миллӣ

Боздиди Сарбозону Афсарон Аз Осорхонаи Миллӣ

Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз санаи 19.02.2024 то 23-юми феврали соли ҷорӣ 2500 нафар афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври ройгон ба тамошои экспозитсия ва намоишҳои ҷашнии Осорхонаи миллӣ ҷалб намояд.

Дар доираи ин ташаббуси муассиса имрӯз 19.02.2024 гурӯҳи сарбозону афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанг ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд.

Ба сарбозону афсарони шуҷои Ватан аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуд. Меҳмонон тавассути боздид аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихии ниёгон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Хотирнишон месозем, ки санаи 21.02.2024 соати 1000 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 31-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи   Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад.