Забит Магомедшарипов ва Нурулло Алиев аз Осорхонаи миллӣ …

Забит Магомедшарипов Ва Нурулло Алиев Аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.

   Размкори шикастнопазири доғистонтабор, ситораи UFC дар риштаи муҳорибаҳои касбии омехта (MMA) Забит Магомедшарипов чанд рӯз буд, ки дар шаҳри Душанбе қарор дошт. Дар доираи ин сафар санаи  13 феврали соли ҷорӣ Забит Магомедшарипов бо варзишгари тоҷик, муштзани UFC Нурулло Алиев, ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷуразода ва ҳайати ҳамроҳонашон ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд.

           Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо дар саҳни муассиса истиқбол гирифта, ба онҳо аз ҷониби роҳбалад сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

           Ҳамин тавр, ба меҳмонон таърихи бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои марбут ба “Асри санг”, “Ҳахоманишиҳо”, “Юнону Бохтар”, “Панҷакенти қадим”, “Мероси хаттӣ”, толорҳои “Сомониён”, “Мардумшиносӣ”, “Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ” ва “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” муаррифӣ карда шуданд.

          Меҳмонон аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносоии бештар бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ қайд намуданд.