Боздиди Президенти Шри-Ланка аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена дар доираи 5-умин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзҳои 14-15-уми июн дар шаҳри Душанбе доир мегардад, баҳри шиносоӣ бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода пешвоз гирифтанд.

Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмони олиқадр дар сатҳи баланди касбӣ бо забони англисӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмони олӣ ва ҳайати ҳамроҳаш бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ шинос гардиданд.

Меҳмонон тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бештар огаҳӣ пайдо намуданд.Маврид ба зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена зимни мусоҳиба бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баён намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин осорхонаро бунёд намудааст таърихии халқи тоҷик шинос гардиданд.

Баъд аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.