Боздиди ходимони дини кишвар аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Дар доираи нақша – чорабиниҳои маърифатии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиносоии ходимони дин ва кормандони соҳаи мазкури шаҳру ноҳияҳои кишвар бо таърих ва фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик онҳо аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда истодаанд.
Бояд зикр намуд, ки то ба имрӯз имомҳо ва имом-хатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъи шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияи Варзоб аз экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намудаанд.
Ҳамчунин дар асоси нақша – чорабинии мазкур боздиди ходимони дини дигар шаҳру ноҳияҳо низ дар назар дошта шудааст, ки мақсади ҷалби рӯҳониёни тоҷик ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ошноии бештари ходимони дин аз таърихиву фарҳангии кишвар ва огоҳӣ доштан аз дастовардҳои халқи хеш мебошад.
Кормандони илмии Осорхона бошад, дар навбати худ, ба ин гуруҳҳои тамошобинон сайрҳои осорхонавӣ гузаронида, ба ин восита онҳо бо канданиҳои фоиданок, иқлим, олами набототу ҳайновот, парваришгоҳу мамнуъгоҳҳо, таърихи халқи тоҷик аз асри санг то асри XX, дастовардҳои замони иситиқлолият, ҳунарҳои гуногун аз қабили рассомӣ, кандакорӣ, кундалкорӣ, намунаҳои матоҳои миллӣ ва дар маҷмуъ бо таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик боз ҳам бештар шинос мешаванд.