Боздиди Мурат Нуртлеу Аз Осорхонаи миллӣ
Боздиди Мурат Нуртлеу Аз Осорхонаи миллӣ
Имрӯз 25.01.2024 муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхонаи миллӣ боздид ба амал оварданд.
Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои муассиса муовини якуми директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Шералӣ Раҷаб ва дигар шахсони масъул истиқбол намуда, ба онҳо аз ҷониби роҳбалади осорхона сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Меҳмонон тавассути сайри осорхонавӣ бо табиати биҳиштосо, таъриху фарҳанги пурғановат, расму ойин ва ҳунарҳои миллии халқи тоҷик аз наздик ошно гардиданд.
Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби қайди таассуроти “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшонро дарҷ намуданд.
Дар охир, ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим намуданд.