Боздиди муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Бадр ал-Дувайшӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Бадр алДувайшӣ ва ҳайатифарҳангии ин давлат аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Меҳмононро шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ бо забони арабӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.

Сайри осорхонавии меҳмонон аз харитаи “Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон” оғоз гардида, бо тамошои дигар толорњои намоишии Осорхона аз ќабили «Асри санг», «Саразм», «Оини Зардуштӣ», «Њахоманишињо», «Юнону Бохтар», «Кушониён», «Сосониён», «Панљакенти ќадим», «Бунљикат», «Фарњанги исломї», «Дайри Буддоии Аљинатеппа» ва «Сомониён» ба анҷом расид.

Яке аз муҳимтарин экспонатҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо номи «Меҳроби Искодар» таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ бештар ҷалб намуд, ки бузургтарин меҳроби чӯбини олам мебошад. «Меҳроби Искодар» мансуби асрҳои IХХ буда, аз чӯби Тӯс ва бе истифода аз меху ширеш сохта шудааст. Экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум мекунад, писанди меҳмонон гардид.

 

Муовини Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Бадр ал- Дувайшӣ аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро навишт.