Боздиди ҳайати шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
Ҳайати шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи умумичинии мардумию сиёсии Шӯрои машваратии шаҳри Сямен ҷаноби Чжан Сзян дар доираи сафарашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри шиносоӣ бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.
Меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон шахсони масъул пешвоз гирифтанд. Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо забони хитоӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.
Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмонон бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик шинос гардиданд. Меҳмонон тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бештар огаҳӣ пайдо намуданд.
Баъд аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Раиси Кумитаи умумичинии мардумию сиёсии Шӯрои машваратии шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Чжан Сзян ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.