Тамошои дастаҷамъонаи кормандони Вазорати маориф ва илми …
Тамошои дастаҷамъонаи кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи миллӣ
Имрӯз дар доираи нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони дастгоҳи марказӣ ва нашрияи “Омӯзгор” аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.
Аз ҷониби роҳбаладон ба меҳмонон сайрҳои осорхонавӣ баргузор карда шуда, ба ин восита толорҳои намоишии шуъбаи табиат, шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллӣ муаррифӣ карда шуданд.
Ин иқдом имкон дод, то ин гурӯҳи тамошобинон бо табиати зебо, таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат, саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ, дастовардҳои солҳои Истиқлоли давлатӣ ва дигар дастоварду комёбиҳои ниёгони тоҷикон дар тӯли таърих ва имрӯзи кишвар бештар шинос шаванд.
Маврид ба таъкид мебошад, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон дар Осорхонаи миллӣ толорҳои нав омода ва ифтитоҳ гардидаанд, ки дар онҳо ёдгориҳои арзишманди дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик ба тамошо бароварда шудаанд:
Намуна (имитатсияи)-и “Тахти Сангин”, ки ба ифтихори 2500-солагии ин ёдгорӣ бунёд гардидааст;
Толори “Мардумшиносӣ” бо фарогирии наздики 1000 (ҳазор) экспонат инъкосгари ҳунарҳои ниёгони тоҷикон мебошад;
Толори “Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об ва ҳифзи пиряхҳо” – таҷассумгари талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад.
Осори мазкур дар баланд бардоштани муҳаббати аҳли ҷомеа ба Ватан, сарзамин ва халқ, инчунин ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар онҳо нақши муассир хоҳад гузошт.