Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ дар Осорхонаи миллӣ

Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ дар Осорхонаи миллӣ
 
Имрӯз 12.09.2024 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба воридшавии ёдгориҳои фарҳангии умумиҷаҳонии фаромилии Роҳҳои Абрешим ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим” баргузор гардид.
Дар кори конфронс директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Юсуфшоҳ Яъқубов, доктори илми таърих, профессори кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шарипов, дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулғанӣ Мамадазимов, муаллими калони кафедраи таърихи ҷаҳон ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фирӯз Шоинбеков иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни конфронс аз ҷониби олимону донишмандон мавзуъҳои “Асосгузорони Роҳи бузурги Абрешим”, “Муҳоҷирати тахориҳо дар Роҳи Абрешим”, “Дипломатияи абрешимӣ чун асоси ташаккул ва фаъолияти Роҳи бузурги Абрешим”, “Қалъаҳои Помир ва пайванди онҳо бо Роҳи Абрешим”, “Мақоми роҳҳои тиҷоратӣ дар замони Ҳахоманишиҳо” дар шакли маърӯзаи илмӣ ироа гардиданд.
Иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ зикр намуданд, ки Роҳи бузурги Абрешим роҳи ҳамгироӣ, мубодила ва муколамаи Шарқу Ғарб ба ҳисоб рафта, беш аз ду ҳазор сол дар пешрафт ва шукуфоии тамаддуни башарӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ба воситаи ин роҳи корвонгузар, ки аз Чин ба воситаи Осиёи Миёна то ба Рум тӯл мекашид, хариду фуруши тиҷоратӣ ва робитаҳои мутақобилаи фарҳангӣ ба амал меомад. Аҷдоди тоҷикон тайи чандин асрҳо аз пуштибонони асосии ин роҳ маҳсуб меёфтанд.
Дар охир миёни иштирокчиёни конференсия дар мавзуи «Нақши тоҷикон дар ташаккул ва рушди Роҳи бузурги Абрешим» муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.