Баргузории Конференсияи илмӣ-назарявӣ таҳти унвони “Бузургдошти забони тоҷикӣ ва мақоми он дар эҳёи давлатдории миллӣ”
Рӯзи 03.10.2022 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони “Бузургдошти забони тоҷикӣ ва мақоми он дар эҳёи давлатдории миллӣ” конференсияи илмӣ-назарявӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия Абдуҷаббор Азизӣ – муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Маликшо Неъматзода – Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Муҳаммад Ғоиб – Шоири халқии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Сироҷиддини Эмомалӣ – декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Иброҳимзода Зафаршо – директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Меҳмонони конференсия нахуст аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намуда, бо таърихи ғанӣ ва рангини забони тоҷикӣ ошно гардиданд. Сипас, дар толори мудаввари Осорхонаи миллӣ бо ҳузури доираи васеъи иштирокчиён ба конференсия ҳусни оғоз бахшида шуд.
Дар конференсияи илмӣ-назарявӣ зикр карда шуд, ки забон ба ҳайси шиноснома – яке аз рукнҳои воқеан ҳам муҳим дар шинохти миллат ва давлатдорӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун меъёр ва омили ифодакунандаи мақсад, маром, тафаккур, ақида, ҳуввият, рӯҳоният, маънавият, асолат, ният, ормонҳо ва ҳастию бақои миллат дар рушду такомули ҷомеаю давлат ҳамчун асос ва заминаи ҳуқуқию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хизмат менамояд.