Баргузории чорабиниҳо бахшида ба “Рӯзи байналхалқии ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ”

Рӯзи 18.04.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бахшида ба “Рӯзи байналхалқии ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ” дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо баргузор гардид.

Дар ин чорабиниҳо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Котиби генералии Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон, роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ, намояндагони 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо, донишҷӯёни мактабҳои олии пойтахт, намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст бо буридани лентаи рамзӣ таҳти унвони “Инъикоси ёдгориҳои таърихӣ дар офаридаҳои рассомон” намоиш ифтитоҳ гардид. Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ мусаввараҳои офаридаи рассомон Довутов З. “Эҳё”, Бровидский В. “Масҷид дар Ҳисор”, Бекназаров М. “Устод ва шогирдон”, Сидоренко В. Л. “Масҷид”, Камелин А. Н. “Ҷомӣ дар китобхонаи Ҳирот”, Хушвахтов Х. Д. “Самарқанд”, Юлдошев Н. “Бухорои куҳан”, Сидоренко В. Л. “Ишғоли қалъаи Ҳисор”, Абдурашидов Р. “Қалъаи сурх”, Манизер Г. М. “Манораи калон”, Камелин А.Н. “Мадрасаи нав дар Ҳисор”, Довудов З. “Симои Абуалӣ ибни Сино”, Олимов Э. “Шоми қалъа” ва Яқубова Д. “Қалъаи Ҳисор” пешниҳод шудаанд, ки ҳамагӣ аҳамияти таърихӣ ва осорхонавӣ дошта, доир ба ёдгориҳои меъмории халқи тоҷик ва инъикоси онҳо дар эҷодиёти рассомон қисса мекунанд.

Сипас дар маҷлисгоҳи Осорхонаи миллӣ ҳамоиш баргузор гардида, дар кори он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Зафаршо Иброҳимзода ва Котиби генералии Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон суханронӣ намуданд.

Дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақола дар мавзӯи  “Ҳифзи мероси таърихӣ -вазифаи ҳар яки мост!”, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” эълон гардида буд, ҷамъбаст ва ғолибон эълон карда шуданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар ин озмун корманди Осорхонаи миллӣ Каримдодов Миралӣ ғолиби ҷои аввал гардида, бо сипоснома ва мукофоти пуливу молӣ қадрдонӣ карда шуд.

Баъд аз анҷоми ҳамоиш бо иштироки аҳли ҳунар барномаҳои фарҳангию театркунонидашуда пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд, ки аз ҷониби аҳли толор ба хушӣ пазируфта шуданд.

Намоиши “Инъикоси ёдгориҳои таърихӣ дар офаридаҳои рассомон” дар Осорхонаи миллӣ то санаи 1.05.2023 идома меёбад.

Фаридун Кенҷаев – сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон