Маҳфили «Шоҳномахонӣ» дар Осорхонаи миллӣ

Маҳфили «Шоҳномахонӣ» дар Осорхонаи миллӣ
 
 

Имрӯз, 06.03.2026, дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади огоҳии ҳарчи бештари ҷавонон аз таъриху фарҳанги ниёгон ва баланд бардоштани маърифати суханварии кормандони муассиса маҳфили илмӣ-фарҳангии “Шоҳномахонӣ” зери унвони “Модар – сарчашмаи шуҷоат ва қаҳрамонӣ” баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва ҳайати кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо перомуни аҳамияти бузурги таърихию фарҳангии шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ – “Шоҳнома” ибрози назар карданд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки “Шоҳнома” ҳамчун ганҷинаи нодири адабиёти ҷаҳонӣ дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, далерӣ ва эҳтиром ба мероси пурғановати ниёгон нақши муҳим мебозад.

Иштирокдорони маҳфил достонҳо аз «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсиро қироат намуда, мазмуну муҳтавои қаҳрамонию ахлоқии онро шарҳу тавзеҳ доданд. Инчунин, дар рафти маҳфил оид ба нақши ин асари бузург дар рушди фарҳанги миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа мубодилаи афкор сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин маҳфилҳои фарҳангӣ дар муассисаҳо барои таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати суханварӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба мутолиаи осори классикии адабиёти тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳар он кас, ки «Шоҳнома»-хонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.