Боздиди Вазири корҳои хориҷӣ ва диаспораи Ҷумҳурии Сейшел …
Боздиди Вазири корҳои хориҷӣ ва диаспораи Ҷумҳурии Сейшел аз Осорхонаи миллӣ
Имрӯз, 27.04.2026, Вазири корҳои хориҷӣ ва ҷамъиятҳо (диаспораи)-и Ҷумҳурии Сейшел Барри Фор, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ҷиҳати шиносоӣ бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро муовини аввали директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифӣ Алишер Наҷмиддин ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса истиқбол гирифта, аз ҷониби роҳбалади муассиса ба онҳо сайри осорхонавӣ дар сатҳи баланди касбӣ баргузор карда шуд.
Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд. Дар охир, Вазири корҳои хориҷӣ ва диаспораи Ҷумҳурии Сейшел ҷаноби Барри Фор аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ навишта кард.
Дар охир, ҳарду ҷониб ҳамчун рамзи эҳтирому дӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.




