Боздиди иштирокчиёни Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши …

Боздиди иштирокчиёни Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ аз Осорхонаи миллӣ

Рӯзи 19.10.2023 дар доираи Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирокчиёни он аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул дар саҳни Муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбалад бо забони англисӣ ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Ба ин восита, меҳмонон бо таърихи куҳан, фарҳанги пурғановат, саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти мардуми тоҷик аз наздик шинос гардиданд.
Ёддовар мешавем,ки дар чаҳорчӯби иҷрои тавсияҳои “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030” бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 20 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши офатҳои табиӣ бо ширкати 30 кишвари Осиё баргузор мешавад.