Президенти Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ …
Президенти Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳаз Осорхонаи миллӣ дидан намуд
Имрӯз 18.10.2023 Президенти Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван дар доираи сафари хеш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳаш аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.
Меҳмононро директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо ва дигар шахсони масъул дар саҳни Муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбалад бо забони арабӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Ба ин восита, ба меҳмонон таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои марбут ба “Асри санг”, “Асри биринҷ”, “Ҳахоманишиҳо”, “Юнону Бохтар”, “Кушониён”, “Сосониён”, “Ҳайтолиён”, “Панҷакенти қадим”, “Мероси хаттӣ”, “Аҷинатеппа”, “Сомониён”, толорҳои “Кулолгарӣ”, “Мисгарӣ”, “Мардумшиносӣ”, “Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ” ва “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” муаррифӣ карда шуданд.
Президенти Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносии бештар бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуд.
Ҳамчун рамзи эҳтиром ва меҳмондорӣ ба меҳмон маводи илмии Осорхонаи миллӣ аз қабили китобу маҷаллаҳо тақдим карда шуд.