Мулоқоти судманд бо намояндаи Осорхонаи Британия
Мулоқоти судманд бо намояндаи Осорхонаи Британия
Рӯзи 13.10.2023 директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо ба таври маҷозӣ (онлайн) бо намояндаи Осорхонаи Британия Лук Ю-пинг мулоқот намуд.
Директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо нахуст аз таваҷҷӯҳи Осорхонаи Британия ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Роҳҳои абрешим” изҳори сипос намуда, мулоқоти мазкурро дар самти тавсеаи ҳамкориҳо муҳим арзёбӣ намуд.
Аз ҷумла, мавсуф зикр намуд, ки густариши ҳамкориҳо миёни осорхонаҳои ду кишвар ба манфиати ҷонибҳо буда, ин нахустин намоишгоҳе мебошад, ки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Осорхонаи Британия иштирок хоҳад намуд.
Намояндаи Осорхонаи Британия Лук Ю-пинг дар навбати хеш аз таваҷҷӯҳи хосаи ҷониби Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ изҳори хушҳолӣ намуд.
Намояндаи Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Бахтиёр Муҳаммадҷонов, ки дар ин мулоқоти маҷозӣ иштирок намуд, дар навбати хеш изҳори умедворӣ намуд, ки ин дидору суҳбатҳо натиҷаи мусбат ба бор оварда, ҷониби Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ иштирок хоҳад намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни раванди омодагӣ ва иштироки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар намоишгоҳи “Роҳҳои абрешим” мубодилаи афкор намуданд.
Маврид ба зикр мебошад, ки Осорхонаи Британия намоишгоҳи бузургеро ба нақша гирифтааст, ки бо номи “Роҳҳои абрешим” дар Галереяи намоишгоҳҳои Сенсбери (G30) аз 26 сентябри соли 2024 то 23 феврали соли 2025 баргузор мегардад.