Машғулияти байналмилалии CollAsia – 2023 ба анҷом расид

Машғулияти байналмилалии CollAsia – 2023 ба анҷом расид

Рӯзи 06.10.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Машғулияти байналмилалии омӯзишӣ зери унвони “Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)”, ки 18 сентябр  ба кори худ оғоз намуда буд, дар як фазои тантанавӣ ба анҷом расид.

Дар ин чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, Директори генералии Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) Веббер Ндоро, котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, намояндагони кишварҳои Ҷопон, Дания, Малайзия, Сингапур, Филиппин, Ҳиндустон, Бруней, Бангладеш, Бразилия, Миср, Кения, Урдун, Покистон, Фаластин, Гвинеяи Нав, Тайланд, Узбекистон ва Сербия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо ба намояндагони кишварҳои дуру наздик баҳри иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки ин машғулият барои густариш додани ҳамкориҳо заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Директори генералии Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ Веббер Ндоро қайд намуд, ки машғулияти мазкур саводнокии илмӣ, иқтидори иштирокчиён ва муассисаҳои онҳоро баланд бардошта, ба онҳо имкон медиҳад, то падидаҳои марбут ба харобшавиро, ки ба коллексияи мероси онҳо таъсир мерасонанд, дарк ва устуворона идора намоянд.

Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон дар навбати худ итминон намуд, ки ҳамкориҳо миёни сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ бо ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Баҳри иштирок дар Машғулияти байналмилалии омӯзишӣ зери унвони “Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia 2023)” ба иштирокчиён “ГУВОҲНОМА” дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки машғулияти мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” дар якҷоягӣ бо Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) ва шарикии Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (NRICH) ва Маъмурияти мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (CHA) бори нахуст дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна аз 18 сентябр то 6 октябри соли 2023 баргузор гардид.

Машғулият тавассути лексияҳои сатҳи баланди интерактивӣ, дарсҳои амалӣ, аз ҷумла кори гурӯҳӣ ва боздидҳои омӯзишӣ гузаронида шуда, иштироки кормандони бахшҳои гуногун ва фарҳангҳои мухталиф муҳити мусоид фароҳам овард, то муошират ва иштироки муассир таъмин гардад. Дар давоми машғулият бо истифода аз захираҳои мавҷуда ва ташаббусҳои дахлдор алоқамандӣ миёни илм ва нигоҳубини коллексияҳо дар заминаи маҳаллӣ омӯхта шуданд.

Дар машғулият иштирокчиён дар мисоли муассисаҳои худ сатҳу раванди омӯзиш, табодули таҷрибаҳои дахлдори кишварҳои худ, пешниҳоди лоиҳа оид ба беҳтар намудани нигоҳубини коллексияҳо ва устуворӣ дар муассисаҳои худро, ки тавассути истифодаи усулҳои илмӣ амалӣ мегарданд, баён намуданд.

Маврид ба зикр мебошад, ки дар доираи машғулияти байналмилалӣ мутахассисони ботаҷриба аз кишварҳои Ҷопон, Дания, Малайзия ва Сербия ба иштирокчиён дарсҳо баргузор намуданд.