Баргузории семинари илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи «Роҳҳои дурусти тавсифи илмии нусхаҳои хаттӣ дар осорхонаҳо»
Рӯзи 27.10.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бо мақсади омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси хаттии ниёгон семинари илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи «Роҳҳои дурусти тавсифи илмии нусхаҳои хаттӣ дар осорхонаҳо» баргузор гардид.
Дар семинари мазкур ходимони илмии хона-осорхонаҳои адабии Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Осорхонаи китоби Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар сухани ифтитоҳии хеш зикр намуданд, ки мероси хаттӣ – яке аз арзишҳои асосии таҷассумгари таъриху фарҳанги миллии халқи тоҷик ба шумор рафта, он ҳамчун сарчашмаи муҳими таърихӣ дар омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик нақши муҳим дорад.
Воқеан мероси хаттӣ ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърии ҳар як халқу миллат мусоидат карда, барои баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии мардум ва рушду нумӯи фарҳанги миллӣ замина мегузорад.
Дар семинар аз ҷониби мутахассисони шуъбаи мероси хаттии Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” роҷеъ ба нозукиҳои риштаи дастхатшиносӣ ва роҳҳои дурусти тавсифи илмӣ намудани нусхаҳои хаттӣ дар осорхонаҳо маърӯзаҳои илмӣ ироа гардид.
Дар охир миёни иштирокчиёни семинари илмӣ-омӯзишӣ дар мавзуи «Роҳҳои дурусти тавсифи илмии нусхаҳои хаттӣ дар осорхонаҳо» муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон, пас аз анҷоми семинари мазкур иштирокчиён аз толорҳои намоишии доимоамалкунандаи “Мероси хаттӣ” ва “Ҳунари хушнависӣ”-и Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” боздид ба амал оварда, аз ҷониби роҳбаладон ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.
Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон – Кенҷаев Фаридун