Истиқболи Истиқлоли давлатӣ бо сарбозон

Имрӯз дар Осорхонаи миллӣ баҳри истиқболи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар кори он директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” – Иброҳимзода Зафаршо, сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Иброҳимзода Амир, роҳбари дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон – Ҳусензода Фаридун ва зиёда аз 150 нафар аскарону афсарони қисмҳои ҳарбии пойтахт иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш аз неъмату дастовардҳои Истиқлолият суҳбат намуда, нақши сарбозонро дар ҳифзу нигаҳдошти ин дастоварди муҳими миллати тоҷик хеле муҳим арзёбӣ намуд. Зеро, Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик буда, 31 сол муқаддам ин муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсози миллати тоҷик ба даст омадааст.

Ҳамчунин аз ҷониби кормандони илмии Осорхонаи миллӣ ба аскарону афсарон сайрҳои осорхонавӣ баргузор гардида, ба ин восита ба онҳо оид ба осори арзишманди ниёгон, ҷонбозиҳои фарзандони баруманди ин халқу миллат баҳри озодиву ба даст овардани истиқлолият ва ҳифзи он маълумотҳои зарурӣ расонида шуд.